Ангури хуштаъми Тоҷикистон дар бозорҳои шаҳри Самара ба фурӯш гузошта шудааст

Август 27, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи охир даҳҳо тонна ангури хуштаъм ва болаззат аз Тоҷикистон ба шаҳри Самараи Федератсияи Русия содирот гардид. Ангури Тоҷикистон ба вилояти Самара дар заминаи шартномаҳои ҳамкорӣ бо суръати баланд содирот карда мешавад. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ин иқдом дар доираи Стратегияи давлатии рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ шуда, барои деҳқонон ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти ватанӣ имкони нави даромад фароҳам овардааст.

Ангури Тоҷикистон, ки бо таъми ширин ва сифати баланд шуҳрат ёфтааст, на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар хориҷа низ харидори зиёд дорад. Масъулин иброз медоранд, ки ҳамкорӣ бо бозорҳои дигар шаҳрҳои Русия низ дар назар дошта шудааст.

Ин тадбир ба афзоиши ҳаҷми содирот ва муаррифии бештари маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, дар бозорҳои ҷаҳонӣ метавонад соҳиби ҷойгоҳи устувор гардад.

Ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 афзоиш ёфта, далели тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ ва мустаҳкам шудани мавқеи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ мебошад.

Ангури содиротӣ асосан аз боғҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ гардида, тавассути ширкатҳои логистикии ихтисосёфта ба шаҳри Самара интиқол дода мешавад. Пеш аз фиристодан ангур дар анборҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сардкунӣ нигоҳдорӣ ва тибқи стандартҳои байналмилалии содиротӣ бастабандӣ карда мешавад.

Содироти ангур на танҳо манбаи даромад, балки роҳи дурусти муаррифии маҳсулоти кишоварзӣ ва заҳмати мардуми тоҷик ба ҷаҳониён мебошад. Дар назар аст, ки ояндаи наздик ҳаҷми содироти ангур ба дигар минтақаҳои Федератсияи Русия низ афзоиш дода шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 27, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд