Ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон Сертификат дар ҳаҷми беш аз даҳ миллион сомонӣ тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сертификат дар ҳаҷми даҳ миллиону пансад ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Сертификат барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои лингофонӣ дар доираи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», таҷҳизоти томактабӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва кабинетҳои фаннию озмоишгоҳҳо дар доираи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027» тақдим карда шуд.
Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ кормандони ин соҳа ва омӯзгорон пайваста кӯшишу талош менамоянд, ки таълимро дуруст ба роҳ монда, насли бомаърифату соҳибҳунар тарбия намоянд.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи бештар равона мегардад, ин дар низоми таҳсил амалӣ намудани меъёрҳои ҷаҳонӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






