Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз ҷониби 66 субъекти хоҷагидор ба ҷумҳурӣ 613 ҳазору 300 тонна гандум ба маблағи 143 миллиону 600 ҳазор доллар ворид гардидааст. Воридоти гандум нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 149 ҳазору 600 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус 4 август зимни нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гандум дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 579 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба миқдори 2 ҳазору 800 тонна зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ҷумҳурӣ 24 ҳазору 400 тонна орд аз Қазоқистон, Русия, Узбекистон, Туркия ва Италия ба маблағи 7 миллиону 400 ҳазор доллар ворид гардид.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 303 ҳазору 600 тонна орд истеҳсол карда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 40 ҳазору 800 тонна зиёд гардидааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






