Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад

Август 17, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 17.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, иҷрои нақшаи амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардидаанд ва дигар масъалаҳо дар ҳамоиши машваратию фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Панҷакент баррасӣ гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, дар машварат таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад. Тарбияи ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ бояд аз кӯдакӣ ва наврасӣ дар замири ҷавонон ҷой дода шавад. Иҷрои муқаррароти Қонун «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» дар маркази таваҷҷуҳи сохтору ниҳодҳои марбута қарор дода шуда, дастовардҳои замони истиқлол ба таври васеъ ба мардум фаҳмонида ва тарғиб карда шаванд.

Инчунин ташаккули раванди иттилоти рақамӣ, истифода аз зеҳни сунъӣ дар низоми идорӣ ва тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба истифодаи ғайриқоидавии неруи барқ ва муҷозоти муқарраршуда дар ин самт ба ҳозирин шарҳ дода шуд.

Дар машварат ба дархосту пешниҳоди иштирокчиён оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ посух дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

Август 17, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад