Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт

Август 2, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардории филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад, дар расми ифтитоҳи наворбардорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти  Агентии кинематаграфияи Узбекистон,  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ҳайати филмофарону ҳунармандон иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки ин филми муштарак барои таҳкими дӯстиву бародарии ду давлату миллати  дӯсту ҳамсоя хизмат хоҳад намуд.

Ҳоло 40 ҳунарманди Узбекистон барои иштирок дар сабти филм дар Тоҷикистон қарор доранд. Наворбардорӣ дар павилонҳои студияи «Тоҷикфилм» ва ҳамчунин дар маконҳои таърихии ҷумҳурӣ аз ҷумла қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор, Хуҷанд ва дигар ёдгориҳои миллӣ анҷом дода мешаванд.

То имрӯз барои сабти филм 1500 нусха китоб ҷамъоварӣ ва омода карда шудааст. Ҳамчунин 1650 ашёи гуногун, аз қабили шамъдонҳо, гарданбандҳо, мизонҳо, кӯзаҳо ва дигар лавозимоти таърихӣ таҳия шудаанд.

Барои қаҳрамонони филм 750 либос, 400 ҷома, 300 тоқӣ ва 350 ҷуфт пойафзол омода гардидааст.

Марҳалаи аввали наворбардорӣ моҳҳои август ва сентябр дар Тоҷикистон ва марҳалаи дуюм моҳҳои октябр ва ноябр дар Узбекистон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки тасмими таҳияи ин филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.

Ба таҳияи филм гурӯҳи синамогарони ҳарду мамлакат ҷалб шудааст. Онҳо дар якчанд мулоқот дар Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуда, нақшаи сабти филмро баррасӣ намуданд. Дар доираи омодагиҳо аксу наворҳо аз маконҳои наворгирӣ дар Тоҷикистон, Узбекистон, Туркия ва Эрон омода карда шудаанд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Август 2, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид