Барои беш аз 700 кӯдаки ҷамоатҳои деҳоти Навбаҳор, Оббурдон ва Мастчоҳ муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд

Август 12, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои деҳоти Навбаҳор, Оббурдон ва Мастчоҳ барои беш аз 700 кӯдак сохтмони се муассисаи томактабӣ нав бо дастгирии соҳибкорон ва саҳми фаъоли аҳолии маҳаллӣ идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.

Муассисаҳои томактабӣ бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ, фароҳам овардани шароити зарурии таълиму тарбия ва истироҳату бозии кӯдакон бунёд мешаванд.

Мувофиқи нақша, ин муассисаҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расида, бо шароити зарурии таълимиву тарбиявӣ таъмин карда мешаванд.

Зимни шиносоии роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо раванди сохтмони муассисаҳои томактабӣ иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорон ва сокинони деҳот шоистаи таҳсин арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки бунёди чунин муассисаҳо бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони маҳал дар баробари сармоягузорӣ ба ояндаи насли наврас заминаи боэътимоди рушди устувори ҷомеа, таҳкими пояҳои маърифатӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ 11 муассисаи таълимии томактабӣ ва як кӯдакистони хусусӣ фаъолият доранд, ки дар маҷмуъ 1401 кӯдак дар онҳо ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Август 12, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд