Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, бо ташаббуси сокинони маҳаллаи Деҳқонободи шаҳраки Бӯстони ноҳия кофтани чоҳи амудӣ барои таъмини мунтазам бо оби нӯшокӣ оғоз ёфт. Бо анҷоми он зиёда аз 50 хонаводаи кӯчаи Умари Хайёми маҳаллаи Деҳқонобод ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳраки Бӯстон бо оби тоза таъмин карда мешаванд.
Сокинони ин маҳалла солҳои охир аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Аҳолии ин маҳал давоми як шабонарӯз ҳамагӣ 2-4 соат ба об дастрасӣ доштанду халос. Сабаби асосии норасоии об дар фасли тобистон кам шудани миқдори об ва маҳдуд будани иқтидори шабакаи обтаъминкунӣ дар маҳалла мебошад, ки боиси танқисии ҷиддии оби нӯшокӣ барои сокинон гардидааст.
Бо дарки зарурати ҳалли мушкилӣ аҳолӣ сарҷамъона маблағ ҷамъ оварда, иқдоми некро амалӣ намуданд.
Сокинони кӯчаи Умари Хайёми маҳаллаи Деҳқонобод умедворанд, ки бо ба истифода додани чоҳи амудӣ на танҳо мушкили чандинсолаи онҳо пурра рафъ мегардад, балки сифати хизматрасонии обтаъминкунӣ дар маҳалла низ ба таври назаррас беҳтар мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






