Дар Агентии авиатсияи гражданӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пурра ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода татбиқи Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд.
Таъкид гардид, ки ки дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пурра ба роҳ монда шуд.
Ин низом бо мақсади таҳкими ҳукумати электронӣ ва баланд бардоштани сатҳи идоракунии муосир татбиқ гардида, дастрасии сертификатҳо ва иҷозатномаҳоро ба корхонаҳои авиатсионӣ, мутахассисони соҳа ва таҷҳизоти авиатсионӣ автоматӣ месозад.
Масъулони Агентӣ вазифадор гардиданд, ки омӯзиши дурусти истифода ва риояи талаботи низоми электрониро пурра таъмин намоянд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






