Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бинои иловагии таълимӣ, кӯдакистон ва толори варзишӣ ба истифода дода мешавад

Август 27, 2025 09:15

ТУРСУНЗОДА 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода муассисаи томактабии хусусӣ бо номи «Олами афсона» мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин хусус раиси Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода  Усмоналӣ Қодирзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Кӯдакистон бо беҳтарин шароит бунёд гардида, дар он ошхонаи замонавӣ, ҳуҷраҳои хоби кӯдакон бо катҳои хоб ва дигар имконияти маишӣ муҳайё гардидааст. Дар ин ҷо 80 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Тибқи иттилои масъулини Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоат 9 иншоот, аз қабили биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №95, №102, №36, №91, №44, №90 бо теъдоди 42 синфхона ба истифода дода мешавад. Дар онҳо барои 1050 хонанда дар як баст ҷойи нишаст муҳайё карда мешавад. Ҳамчунин дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Шурхок кӯдакистон барои 30 нафар ва дар деҳаи Имоми  Аъзам толори варзишӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Баъди ба истифода додани биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ мушкилоти ҷойи нишаст бартараф мегардад.

АКС: Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода

Август 27, 2025 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи барҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд