Дар Балҷувон дар мавзуи «Сулҳу субот – омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ» вохӯрии судманд доир гардид

Август 21, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бо сокинон дар мавзуи «Сулҳу субот – омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ» вохӯрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.

Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо омили муҳими баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ буда, ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд.  Сулҳу суботи пойдор ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ, бахусус сайёҳӣ мусоидат намуда, шароити мусоиди кору зиндагиро барои мардум таъмин месозад.

Иштирокдорони вохӯрӣ ҳамзамон оид ба нақши Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат ва таъсири он ба рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим изҳори назар намуданд. Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати Пешвои миллат Тоҷикистон имрӯз ба давлати амн ва ором табдил ёфтааст, ки ин сабаби ҷалби сайёҳони хориҷӣ гардидааст. Тарғиби мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ дар рушди сайёҳии устувор аҳамияти калидӣ дорад.

Ҳамзамон бо дахли имконияти сайёҳии ноҳияи Балҷувон ва нақши сулҳу субот дар рушди соҳа  гуфта шуд, ки Балҷувон бо табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавонад ба яке аз самтҳои муҳими сайёҳии мамлакат  табдил ёбад. Инчунин ташкили инфрасохтори зарурӣ, ҷалби сармоягузорон ва истифодаи оқилонаи имконоти мавҷуда таъкид гардид.

Дар вохӯрӣ  масъалаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун шарти муҳим барои рушди устувори сайёҳӣ  баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки табиат ҳифз ва манобеи он оқилона истифода бурда шаванд. Сулҳу суботи пойдор имконият фароҳам меорад, ки корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар сатҳи баланд амалӣ гарданд. Дар маҷмуъ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо арзиши сиёсию иҷтимоӣ, балки заминаи пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ ба шумор меравад.

Аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Китобхонаи марказии ноҳияи Балҷувон ҷилди китобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» тақдим гардид.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Август 21, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд