Дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои инноватсионӣ бунёд карда мешавад

Август 13, 2025 11:15

ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  дар назди Беморхонаи клиникавии №1 бинои инноватсионӣ бунёд мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 7 ошёна иборат буда, дорои 260 кат мегардад. Дар бинои инноватсионии беморхона усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда мешаванд. Табибон метавонанд бо истифода аз ин тавонмандиҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба ин васила рӯ овардани беморон ба хориҷи мамлакат камтар гардад.

Дар ин беморхона табибон ва мутахассисони ҷавоне фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва корҳои ҷарроҳӣ соҳибтаҷриба мебошанд. Тавоноиҳои замонавии фароҳамшуда ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва татбиқи усулҳои наву муосири кор равона гардидаанд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Август 13, 2025 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад