Дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара шуъбаи нав ба истифода дода шуд

Август 20, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара шуъбаи амрози занона мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Бинои шуъба бо харҷи беш аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ  пурра таъмиру навсозӣ шуда, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст. Инчунин саҳни бино бо харҷи 57 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд.

Мавриди истифодаи ниёзмандон қарор дода шудани бинои пурра таъмиру навсозишудаю муҷаҳҳази шуъбаи амрози занона ва фароҳам сохтани шароити созгору заминаи хуби моддӣ–техникӣ имкон медиҳанд, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ  низ беҳтар карда шавад.

Кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар нигоҳдории саломатии мардум саҳми арзанда гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Август 20, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд