Дар Чин масъалаи вазъи заминҳои шӯр ва ишқордор баррасӣ шуд

Август 27, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Ҷумҳурии Мардуми Чин дар чаҳорчӯби «Чин – Осиёи Марказӣ» конфронси байналмилалии илмӣ оид ба навовариҳои илмию техникӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи мелиоратсияи заминҳои шӯр ва ишқордор  доир гардид.

Ҳадафи конфронс таҳкими мубодилаи илмӣ байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи мелиоратсияи заминҳои шӯр ва ишқордор мебошад.

Дар ҷараёни конфронс ҳамкории олимон барои асоснок ва самаранок истифода бурдани захираҳои хок, беҳтар намудани муҳити экологии минтақавӣ ва рушди устувор,  таъмини амнияти озуқаворӣ ва суботи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар назди Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин Маркази Осиёи Марказӣ оид ба таҳқиқоти кишоварзӣ таъсис шуда буд. Дар доираи ин ҳамкорӣ олимони ҷавони тоҷик дар самтҳои мухталифи кишоварзӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона гардиданд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд