Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳонии касбӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 август дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Чемпионати ҷаҳонии касбӣ аз рӯйи номинатсияҳои «Корҳои геологӣ ва геодезия» ва «Энергетика» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Дар чемпионат дастаҳои иштирокчӣ аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Чемпионати ҷаҳонии касбӣ имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён маҳорати худро дар ин самтҳо нишон дода, омӯзиши усулҳои навро дар ин бахш тақвият диҳанд.
Зимни оғози чемпионат ректори Донишгоҳи техникӣ Қудрат Давлатзода аҳамияти мусобиқаҳои ҷаҳонии касбиро дар рушд ва такмили малакаҳои ҷавонон таъкид намуд.
Дар мусобиқа дар маҷмуъ 20 дастаи иштирокчӣ сабт шуда, тибқи нақша чемпионат имрӯз ҳам идома меёбад. Беҳтарин иштирокчиён дар даври навбатӣ дар сатҳи байналмилалӣ имкони муаррифии дастаи худро пайдо мекунанд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ










Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






