Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон озмоишгоҳи энергияи барқароршаванда таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон озмоишгоҳи энергияи барқароршавандаи бодӣ ва офтобӣ таъсис ёфт, ки ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо истифода аз технологияҳои пешрафта мусоидат менамояд. Дар ин хусус 1 август зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар назди кафедраи экология ва Парки инноватсионӣ ва технологии донишкада гармхонаи муосир бо низоми обёрии гуногун таъсис дода шуд. Ин гармхона барои баргузории дарсҳои амалӣ аз рӯйи якчанд фанни таълимӣ истифода бурда мешавад.
«Фаъолияти илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба рушди таҳқиқоти амалӣ ва инноватсионӣ вобаста буда, ҳадафи асосияш ҳалли масъалаҳои калидии соҳаҳои саноати кӯҳӣ, металлургия, геология, корҳои нафту газ, энергетика ва экология мебошад»,-баён дошт Бахтиёр Маҳмадалӣ.
Дарёфти лоиҳаҳои грантӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада ба ҳисоб меравад. Иброз гардид, ки лоиҳаҳои грантӣ имконият фароҳам меоранд, ки пойгоҳи моддию техникии донишкада ва кафедраҳо тақвият ёфта, инчунин натиҷаҳои илмии муҳаққиқон дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гарданд.
Дар ин замина донишкада бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод намудааст.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






