Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Навсозии Чин» конференсия баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Таъкид гардид, ки лоиҳаҳои дуҷониба, ки ба навсозии ҳарду мамлакат мусоидат менамоянд, боз ҳам фаъолтар рушд намуда, дар доираи ҳамкории муштарак оид ба сохтмони «Камарбанд ва роҳ» миқёси ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Чин пайваста афзоиш меёбад. Ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаҳои манбаъҳои нави энергия, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва тиҷорати электронӣ афзал шуморида, барои пешбурди чунин самтҳо изҳори назар намуданд.
Дар ҳамоиш байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсинхай ва Донишгоҳи касбӣ-техникии Тсинхай Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Он самтҳои муҳими ҳамкориро байни ин муассисаҳои таълимӣ густариш медиҳад.
Меҳмонон инчунин бо Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан, ки соли 2022 дар доираи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, шинос шуданд. Меҳмонон ба натиҷаи фаъолияти ин коргоҳ баҳои баланд доданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ











Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






