Дар Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

Август 27, 2025 09:39

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Барои ғолибон аз даври сеюм тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе 2 781 750 (ду миллиону ҳафт саду ҳаштоду як ҳазору ҳафт саду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Ғолибони ҷойи якум бо 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, 54 нафар омӯзгорон- ҳар кадом бо 13 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин  нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ саҳм гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар даври сеюми озмун 412 довталаб сабқат намуда, аз рӯйи 4 номинатсия дар умум 90 нафар ғолиб гардид. Аз ин шумора 54 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 18 нафарро омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кору гуногун ташкил медиҳанд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Август 27, 2025 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид