Дар Душанбе оид ба тарбияи насли наврас ҳамоиш доир гардид

Август 21, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тарбияи насли ватандӯсту ояндасози фардо-рисолати омӯзгор» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шуда, зина ба зина амалӣ карда шавад. Сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба насли наврас оқибати ногувор ба бор меорад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушду ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи насли наврас, ки неруи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешавад, тадбирҳои зиёд ба тасвиб расидаанд.

Тарбияи наврасону ҷавонон вазифаи ҳар фарди ҷомеа ва муассисаю ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи мамлакат огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».

Дар ҳамоиш 101 нафар собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хизматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Август 21, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид