Ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар самти Душанбе – Сиан ва Душанбе – Гуанҷоу баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар вохӯрии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Точикистон Го Жиҷун баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, кушодани парвозҳои мустақим дар самти Душанбе – Сиан ва Душанбе – Гуанҷоу, инчунин мукаммал намудани парвозҳо дар самтҳои Душанбе – Урумчӣ ва Душанбе – Пекинро баррасӣ карданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати такмил додани дараҷаи касбии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, баргузории курсҳои омӯзишӣ дар мавзуи бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ табодули таҷриба боз ҳам васеъ гардонида шавад.
Иброз гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳои судманд ва зиёд намудани хатсайрҳо бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати «Фазои кушод» нақши муассир хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ташаббуси Агентии авиатсияи гражданӣ аз 12 июни соли 2025 дар фурӯдгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон сиёсати «Осмони кушод» ҷорӣ гардидааст. Агентӣ барои беҳтаргардонии интиқоли ҳавоӣ ва рафту омади бемамонияти шаҳрвандон дар самти кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва зиёд намудани шумораи парвозҳо фаъолиятро ҷоннок менамояд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






