Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд

Август 9, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 август дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 16 то 18 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, брифинг доир карда шуд.

Дар ҳамоиш ба масъулини корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон оид ба ҷараёни омодагӣ ба форуми қарибулвуқуъ, масъалаҳои марбут ба корҳои тадорукотӣ, барномаи чорабинӣ ва ҷузъиёти логистикӣ маълумоти муфассал манзур гардид.

Ёдовар мешавем, ки форум бо мақсади ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат, густариши ҳамкории байналмилалӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сайёҳӣ гузаронида мешавад.

Чорабинӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои дахлдор баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 9, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд