Дар Хатлон масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ бо сармоягузории Покистон баррасӣ гардид

Август 13, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо як гурӯҳ сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Покистон вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, бахусус бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Ҳамзамон оид ба вазъи кунунии ҳамкории мутақобил байни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон табодули назар карда шуд.

Ҳавасмандии ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкории фаъол байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо баён гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 13, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард