Дар Хуҷанд дар шаш моҳ 23 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
СУҒД, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд шумораи корхонаҳои саноатӣ 321 ададро ташкил дода, дар шашмоҳаи якуми соли равон 23 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо 142 ҷойи кор ва истифодаи технологияҳои муосир ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёди якчанд корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди гӯшту шир дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд идома дорад. Корхона аз ҷониби Ҷамъияти агрокомплекси «Саховат» ташкил карда шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авитсенна» иҷро мешаванд. Корхона дар семоҳаи сеюми соли раовн мавриди истифода қарор мегирад.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сохтмони коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва электроскутерҳо дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайри Суғд» идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави «Сайри Суғд» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров сохта мешавад. Сохтмони иншоот идома дошта, таҷҳизоти корхона аз кишвари хориҷӣ ворид карда мешавад.
Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» низ бунёди бинои маъмурии он идома дошта, дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд






