Дар Исломобод густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода бо Котиби федералии мероси миллӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Раҳмон Гелонӣ дар Исломобод мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот масоили рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар ду давлат, ҷашнвораҳои муштараки театрӣ ва синамоӣ, намоишгоҳҳои китоб, таҷлили муштарак аз бузургони илму адаб ва фарҳанги ду мамлакат табодули назар карданд.
Ҷонибҳо баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистонро омили таҳкимбахши риштаҳои дӯстию рафоқат арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дода шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






