Дар Ҳисор даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт

Август 12, 2025 11:30

ҲИСОР, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  бо иштироки довталабони лаёқатманд аз 8 шаҳру навоҳии тобеи марказ оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Озмун дар фазои тантанавӣ оғоз ёфта, иштирокчиён маҳорати худро бо шавқу завқи зиёд ба ҳайати ҳакамон нишон медиҳанд. Довталабон дар даври сеюми озмун бо ҳам рақобати солим намуда, донишу маърифати баланди худро пешниҳоди ҳакамон менамоянд.

Довталабон дар ин марҳила донишу малакаи худро дар номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср месанҷанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави суханвар нигаронида шудааст.

Дар даври сеюми озмун таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бисёр имтиёзҳо фароҳам овардаанд. Довталабони соҳибистеъдод ва забондон барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 12, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид