Дар Истаравшан оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни натиҷагирии фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи Шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Истаравшан гирифтани маблағи иловагӣ ҳангоми васлу насби ҳисобкунакҳои барқӣ, изофанависӣ аз ҷониби кормандони соҳаи барқ ва хунукназарона муносибат кардан бо таҷҳизоти барқӣ ба мушоҳида расид. Нисбат ба онҳое, ки ба чунин кирдорҳои номатлуб ва ношоиста даст задаанд, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ карда шуданд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа корҳои то имрӯз анҷомдодаи масъулину кормандони филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи Шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Истаравшан ғайриқаноатбахш ҳисобида шуд. Масъулин вазифадор гардиданд, ки минбаъд барои сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷаҳду талоши дучанд намоянд.
Дар идомаи ҷаласа таъкид гардид, ки аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбоби зарурии назоратӣ ва бе баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқу гармӣ ҷазо таъйин гардидааст. Инчунин кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ ва истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто маҳрум сохтан аз озодӣ ва то 10 соли зиндонро дар пай дорад.
Боиси таассуф аст, ки то имрӯз ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ барои ба роҳ мондани истифодаи майнинг-фермаҳо, якчанд ҳолати изофанависӣ ва дахолат ба таҷҳизоти ҳисобкунакҳои барқӣ ошкор гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






