Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе 5 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад

Август 31, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 31.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе дар заминаи бинои ёрирасон 5 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, синфхонаҳо бо меъёрҳои муосир сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин мегарданд.

Синфхонаҳо то соли нави таҳсил пурра омода шуда, бо ин иқдом имконияти таълимӣ васеъ мегардад ва донишҷӯён метавонанд дар шароити беҳтару муосир ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили гузашта дар коллеҷ озмоишгоҳ-синфхонаҳои таълимӣ аз фанҳои физика, химия ва биология ба истифода дода шуданд. Озмоишгоҳҳои муосир бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, имконияти гузаронидани корҳои озмоишӣ ва назоратиро дар раванди дарсҳои амалӣ боз ҳам беҳтар менамоянд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 31, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд