Дар Конфедератсияи Швейтсария имконоту зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар шаҳри Тсюрихи Конфедератсияи Швейтсария вохӯриҳои ҳайати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои бахши хусусии мамлакат бо намояндагони SwissToursim баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Зимни мулоқотҳо рушди устувори бахши сайёҳӣ, ташаккули омори таҳлилу мониторинги соҳа, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ташвиқу тарғиб ва ҷалби сайёҳон аз кишварҳои нав, таҳияи харита ва хатсайрҳои сайёҳӣ муҳокима гардид. Инчунин имконоти сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ бо назардошти имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои бахши хусусии мамлакат бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ба хотири табодули таҷриба, инчунин ташвиқу тарғиби имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ 11 август оғоз гардида, то 16 август идома меёбад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария










Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд






