Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид

Август 27, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон ба 30 нафар хонандагони ятим ва аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Конибодом либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд.

Сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари  ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дошта, аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Имрӯз Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат расонидани кумакҳоро ба қишрҳои  ниёзманди аҳолӣ, хусусан тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо  дар меҳвари сиёсати инсондӯстона қарор дода, барои онҳо дар муассисаҳои олӣ ва касбӣ шароити арзандаи таҳсил фароҳам овардаанд. Ин имкон медиҳад, ки онҳо дар оянда соҳиби илму дониш гардида, ба Ватан содиқона хизмат намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом

Август 27, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад