Дар Муъминобод 7 километр роҳи мошингард мумфарш карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Муъминобод 7 километр роҳи мошингард мумфарш карда шуд. Дар айни замон дар роҳҳои мошингарди ноҳия корҳои таъмирӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.
Дар тобеияти муассиса 168,2 километр роҳ қарор дорад. Аз ин ҳисоб 26 километр роҳ дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 142,2 километр дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошад.
Дар шашмоҳаи якуми сол роҳҳои се деҳаи дигар дар масофаи 900 метри мураббаъ таъмир карда шуданд, ки ба ин восита мушкили ронандагон хеле осон гардид.
Дар Тоҷикистон барои татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Дар айни замон 200 метр масофаи роҳи мошингарди Муъминобод – Момандиён мумфарш карда шудааст.
Кормандони муассиса ба захиранамоии қум, намак ва дигар маводи зиддилағжиш шуруъ карда, тасмим гирифтаанд, ки зимистони ояндаро бе мушкилӣ гузаронанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






