Дар Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» ғолибон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 август дар бинои Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр»-и шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода изҳор намуд, ки «меъморӣ на танҳо санъати бунёд кардани иншоот аст, балки оинаи таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад. Имрӯз, дар шароити рушди босуръати мамлакат ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ нақши меъморону лоиҳакашон, муҳандисон ва мутахассисони соҳа беш аз пеш муҳим гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо ҳидоят ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҷумҳурӣ рушду такомул ёфта, барои фаъолияти босамари мутахассисони соҳа заминаҳои мусоиди касбию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд».
Дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи рушди бемайлони санъати меъморию шаҳрсозӣ, ки таъриху анъанаҳои миллии ҳазорсола дорад, аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Натиҷаи ҳамин талошҳо буд, ки ҳоло бо саъю кӯшиши ватандӯстонаи меъморону лоиҳакашон ва сохтмончиён санъати меъморию шаҳрсозии бостонии мо мазмуни нав касб кардааст. Кормандони ин соҳаи пешбарандаи ҷамъият ба дастовардҳои назаррасу муҳим ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устуворро ишғол менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ 140 лоиҳа аз рӯи номинатсияҳои «Биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна», «Иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ» ва «Асари меъмории донишҷӯён» пешниҳод гардид. Ҳамзамон аз ҷониби лоиҳакашони варзида зиёда аз 453 лоиҳаи беҳтарин ва макети биною иншооти таъйиноти гуногун ба намоиш гузошта шуд.
Пас аз маросими ифтитоҳ иштирокчиёни намоиш бо корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Данғара, бахусус бунёди бинову иншооти шаҳраки Данғара, деҳаҳои Пушинг ва Ғар-ғараи ноҳия шинос шуданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни табрики ғолибону ҷоизадорони ин намоиш-озмун, ки дар сатҳи баланд доир шуд, оид ба дастгирию ғамхориҳои асосгузори ҳамаи бунёдкориҳои азим дар соҳаи меъмории мамлакат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.
Аз байни 140 лоиҳаи ба озмун пешниҳодшуда ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян намуданд. Ғолибон аз тарафи роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравию молӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






