Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд

Август 27, 2025 11:02

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 адад расонида шудааст. Аз ҷумла, дар давраи солҳои 2024-2025 барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ба майдони сохтмон 443 мошину механизми нав ворид карда шуд. Дар ин хусус имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун ибрози назар намуданд.

Дар мулоқот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоишгар ва пудратчиёни бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро барои вусъат додани корҳо ва иҷрои саривақтии нақшаи пешбинишудаи сохтмон вазифадор намуданд.

Аз ширкати «Вибилд» (Webuild S.p.A. —гурӯҳи саноатии итолиёӣ, ки ба сохтмон машғул аст) талаб карда шуд, ки бо баланд бардоштани сарбанд дар муҳлати муқарраргардида обгирии обанборро то охири моҳи сентябри соли равон дар сатҳи 1100 метр таъмин намояд.

Ширкати «Вибилд» вазифадор гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монад, шумораи мошину механизмҳоро зиёд карда, захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин ва барои истифодаи самаранок аз хати конвеерӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Ҳамзамон ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» супориш гирифт, ки нақби сохтмонии қабати чорумро бо тамоми иқтидори он то мавсими селобҳо, яъне на дертар аз моҳи апрели соли 2026 барои истифода омода намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ширкатҳои пудратӣ дастур доданд, ки барои дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Август 27, 2025 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд