Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд

Август 13, 2025 08:21

СУҒД, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди деҳаи Себзори ноҳияи Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, дар ин мавзеъ бо баландии 3 метр ва дарозии беш аз 60–80 метр соҳили рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешавад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт хабар доданд.

Ин иқдом бо мақсади пешгирии хатарҳои табиӣ, ҳифзи амнияти аҳолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ амалӣ шуда, бо ҷалби мутахассисон тавассути техникаи замонавӣ анҷом дода мешавад.

Ба истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Ашт корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.

Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода дар Ҷамоати деҳоти Ошоба бо мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар деҳаи Шивар шинос гардид. Дар ин мавзеъ бо саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 4 километр роҳ мумфарш карда мешавад. Амалигардонии он имконият фароҳам меорад, ки беш аз 280 хонавода ба роҳҳои босифати замонавӣ дастрасӣ пайдо намоянд.

Рушди инфрасохтор ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон аз ҳадафҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба шумор рафта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ уҳдадоранд, ки онро бо масъулияти баланд амалӣ намоянд.

Танҳо давоми шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Ашт зиёда аз даҳҳо иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ, садҳо хона ба оби тозаи нӯшокӣ пайваст ва садҳо сокин бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Раиси ноҳия барои саҳми назаррас ба соҳибкорон, масъулин ва фаъолони ҷамоати деҳоти Ошоба ва деҳаи Себзор изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва сари вақт иҷро намудани нақшаҳои ҷашнӣ даъват кард.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Август 13, 2025 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад