Дар ноҳияи Файзобод иншооти соҳаи тандурустӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд

Август 6, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 август Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо раванди сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Файзобод шинос гардид. 

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ноҳия сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ, иборат аз маркази ташхису табобатии 3-ошёна, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказӣ идома  дорад. Ин иншоот дар доираи  лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Лоиҳа бо мақсади бунёди муассисаҳои тиббӣ, бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Айнӣ ва Дарвоз  татбиқ карда мешавад.

Иншооти бунёд ва навсозишавандаи тиббии ноҳияи Файзобод дар арафаи 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 6, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд