Дар ноҳияи Рашт иншооти соҳаи маориф ва варзиш ба истифода дода шуданд

Август 27, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт  якчанд иншооти соҳаҳои маориф, варзиш ва роҳу хизматрасонӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Рашт  бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Зарангак  дар маросими ботантана майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Бунёди чунин иншооти  варзишӣ   ба рушди соҳаи варзиш дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат, машғул шудан  ба варзиш ва обу тоб ёфтани насли  наврас ва ҷавон мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар арафаи соли нави хониши 2025-2026 дар деҳаи  Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки  ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65  ва дар деҳаи Қалъаи  ҳамин ҷамоат  муассисаи ибтидоии №108 ба истифода дода шуданд.

Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум роҳҳои байнидеҳавӣ мумфарш гардонида шуданд.

Рушди минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии  Ҳукумати  мамлакат мебошад. Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар минтақаҳои гуногуни мамлакат иншоот ва дигар инфрасохтори гуногуни хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш  ва саноат бунёд мегарданд. Бунёди ин иншоот  ки ба некӯаҳволии сокинон нигаронида шудааст.

     АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Август 27, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд