Дар ноҳияи Шаҳристон доир ба Ваҳдати миллӣ чун рукни асосии ташаккули ҷомеа ва давлат вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 август бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо сокинони ноҳияи Шаҳристон дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ — рукни асосии ташаккули ҷомеа ва давлат» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ бо сокинон иброз гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими субот ва рушди устувор дар маркази сиёсати давлат қарор дорад. Таъмини сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии доимӣ кафили амният ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам изҳор дошт, ки таҳкими Ваҳдати миллӣ аз масъулияти ҳар шаҳрванди бедордил сарчашма мегирад. Роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон танҳо аз ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдастӣ мегузарад. Таъкид гардид, ки таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон барои миллати тоҷик неъмати бузург аст, ки бояд чун гавҳараки чашм ҳифз гардад. Мубориза бо хурофот, таассуб ва тундгароӣ бояд пайваста ва бо истифода аз воситаҳои муассири маърифатӣ ба роҳ монда шавад.
Вобаста ба таъмини адолат ва эҳтироми қонунҳо дар ҷомеа иброз шуд, ки қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ пояҳои асосии давлатдории муосир мебошанд, ки танҳо дар фазои ваҳдат ва суботи сиёсӣ рушд меёбанд. Дар ин маврид ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти ҷомеа нақши фаъол дошта бошанд.
«Насли наврасу ҷавон бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия ёбад. Ҷавонон неруи пешбарандаи давлат ва посдорони Ваҳдати миллӣ ҳастанд. Аз ин рӯ бо таъсиси шароити мусоид барои таҳсил, касбомӯзӣ ва рушди шахсӣ метавон ҷавононро аз гароиш ба гурӯҳҳои ифротгаро эмин нигоҳ дошт», -иброз гардид зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Шаҳристон.
Иштирокчиёни вохӯрӣ бо намоиши дастовардҳои ноҳияи Шаҳристон шинос гардиданд. Ҳамзамон ба ятимони кулл ва шахсони маъюб аз ҷониби Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон туҳфаҳо тақдим карда шуданд. Инчунин ба китобхонаи ноҳияи Шаҳристон ҷилди китобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» тақдим гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






