Дар Остона ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, нақлиёт, обу энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои боз ҳам густариш додани равобити мустақими тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни субъектҳои соҳибкорӣ, таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ, дастгирии фаъолонаи иқдом ва ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди ҳарду давлат баён намуда, ба рушди ҳамкории минтақавӣ, таъсиси сохторҳои устувор ва дарозмуддати ҳамкорӣ ва шарикии иқтисодӣ, ташкили платформаҳои муосири сармоягузорӣ, рақамисозии равобит, инчунин густариши имконоти логистикӣ ва инфрасохтор таваҷҷуҳи махсус равона карданд.
Зимни ҷаласа барои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби ҳамраисони Комиссияи мазкур ба роҳбарону намояндагони мақомоти давлатии ҳарду ҷониб дастуру супоришҳо дода шуданд.
Бояд гуфт, ки соли 2024 ҳаҷми савдои мутақобил байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 1,3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 144,5 миллион доллар ё 12,6 фоиз зиёд мебошад. Ҷумҳурии Қазоқистон ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад.
Соли 2024 ҳаҷми умумии воридоти сармоягузорӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 217,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 5,5 миллион доллар ё 2,5 фоиз бештар мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми сармоягузории мустақим 15,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 3,5 миллион доллар ё тақрибан 30 фоиз зиёд аст.
Ин тамоюлҳои мусбат натиҷаи маҷмуи саъйҳои муштарак, аз ҷумла дар доираи татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории фаъоли доираҳои тиҷоратии ду давлат мебошанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид






