Дар шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қалъаи бостонии Бибихонум, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд, ки тобеи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ иттилоъ доданд.
Ёдгории бостонии қалъаи Бибихонум ба категорияи ёдгориҳои нодири бостонии миллӣ мансуб буда, аз ибтидои асрҳои 1 мелодӣ то давраи охири асри 19 ҳамчун истеҳкоми пурқудрат мавҷудият доштааст.
Ҳоло кормандони Агентӣ дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-бостоншиносӣ мебаранд. Ҳангоми пешбурди корҳои пажӯҳишӣ бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ мансуб ба давраи Сомониён ва давраҳои минбаъдаи таърихӣ дарёфт гардидаанд, ки саҳифаҳои таърихи миллатро ғанӣ мегардонанд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






