Дар шаҳри Хуҷанд ҳафтаи «Ҳаводорони илми афлок» оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 06.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 5 то 10 август дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҳафтаи «Ҳаводорони илми афлок» гузаронида мешавад. Меҳмонон ва сокинон имкон доранд аз тасвири зиндаи радифи Замин — Моҳ ва сайёраҳои системаи офтобӣ баҳравар гарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар ин рӯзҳо намоиши хиёбонии Моҳ ва сайёраҳо тавассути телескопҳои диҷетолӣ ва рақамӣ ташкил карда мешавад.
Ҳамарӯза соатҳои 21:00 ва 22:00 дар толори осмони ситоразор филмҳои илмӣ низ намоиш дода мешаванд.
5 август- дар рӯзи оғози ин чорабинӣ иштирокчиён на танҳо аз телескоп бо сайёраҳои системаи офтобӣ шинос шуданд, балки садоҳои ҳар сайёраро аз тариқи барномаи махсус шунида, филмҳои илмиро тамошо карданд.
Ҳамзамон 7 рӯз барои кӯдакон баргузории фестивалҳои роботатехникӣ, ракета-шоу, авиамоделӣ ва аквагрим низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаводорони илми афлок, меҳмонону сокинони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд метавонанд давоми ҳафта ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ омада, намоиши барномаҳоро ройгон тамошо намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






