Дар шаҳри Ҳисор беш аз 9000 кӯдак ба синфи якум қабул гардид

Август 13, 2025 10:20

ҲИСОР, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор имсол зиёда аз 9024 нафар хонандагони синфи якумро қабул намуданд, ки 4234 нафари онҳо духтарон  мебошанд. Ҳамчунин дар 11 кӯдакистони фаъоли шаҳр 252 кӯдак ва дар 55 синфхонаи нав таъмиршудаи 22 муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор 2500 нафар кӯдаконро ба гурӯҳҳои маркази инкишофи кӯдак қабул менамоянд. Дар ин  хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  масъулини маорифи шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Бо талошу заҳмати сокинони шаҳри Ҳисор, соҳибкорон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли нави таҳсил ду кӯдакистони нави хусусӣ барои 340 кӯдак, 6 бинои иловагӣ дар назди шаш муассисаи таълимию як мактаби нав дар деҳаи Уртабузи ҷамоати шаҳраки Шарора мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар онҳо дар маҷмуъ 3860 нафар хонандагон дар ду баст бо ҷойи нишаст таъмин мегарданд.

Имрӯзҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 4 муассисаи нави таълимӣ, биноҳои иловагии  назди 14 муассисаи таълимӣ ва корҳои сохтмонии синфхонаҳои маркази инкишофи кӯдак дар назди 9 муассисаи таълимӣ идома доранд, ки дар рӯзҳои муайяншуда ба истифода дода мешаванд.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, ки соли 2025 аз ҳисоби буҷети шаҳри Ҳисор барои таъмири муассисаҳои таълимӣ  7 миллиону 883 ҳазору 850 сомонӣ ва барои таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ 6 миллиону 776 ҳазору 209 сомонӣ пешбинӣ шудааст.  Танҳо дар муассисаи таълимии рақами яки шаҳри Ҳисор имрӯзҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.

Кумитаи волидайни хонандагон дар таъмири дохили синфхонаҳои муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор саҳми калон дорад. Синфхонаҳои муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор  бо кумаки  кумитаи волидайн пурра таъмир карда шуда, ба қабули хонандагон дар соли нави таҳсил омода мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 13, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд