Дар шаҳри Кӯлоб ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 382 миллион сомонӣ расид
КӮЛОБ, 04.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб 382 миллиону 679,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 26 миллиону 409,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иттилоъ дод.
Бахтиёр Назарзода иброз намуд, ки дар ин давра дар 2860 гектар, аз ҷумла бори нахуст дар 130 гектар кишти зериплёнкагии пунбадона гузаронида шуд. Ҳоло нашъунамои ниҳолҳо хуб мебошад.
Тибқи нақша дар 1330 гектар бояд кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шавад. То 15 июл дар 1172 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки ба 88,1 фоизи нақша баробар мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон 16,3 километр заҳбуру заҳкаш ва 52,7 километр шабакаҳои обдиҳӣ тоза карда шуданд. Ин имкон дод, ки ҳолати мелиоративии 64 гектар замин беҳтар карда шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд






