Дар таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чанок дар маҷмуъ тақрибан 347 ҳазор тонна асфалт истифода шудааст

Август 12, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 12.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хариди техникаю механизмҳои замонавӣ омили тавсеабахши фаъолият буда, роҳбарияти «IRS» ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин нишондиҳанда низ давоми фаъолият тамоюли афзоишро касб кардааст. Масалан, соли 2022 15 адад, соли 2023 4 адад ва соли 2024 13 техникаю механизм харида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда бамаротиб зиёд гардида, барои таъмиру таҷдид соли 2013 6000 тонна, 2014 – 10 000 тонна, 2015 -15 000 тонна, 2016 — 13 575 тонна, 2017 – 51 551 тонна, 2018-30 864 тонна, 2019 — 49 862 тонна, 2020 — 29 377 тонна, 2021 – 55 366 тонна, 2022 – 39 916 тонна, 2023 – 25 079 тонна ва соли 2024 18 408 тонна асфалт масраф гардид.

Маҳз ин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки ширкат дар нигоҳдории роҳи Душанбе — Чанок комёб бошад ва давоми 16 сол назари мардум тамоюли мусбат касб намояд. Роҳбарияти филиали ширкат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чанок барои ронандагону мусофирон бехатар, бароҳат ва сабукбошад. Бо ин мақсад аз тамоми имконият самаранок истифода шуда, ин омил дар сархати авлавияти филиали ширкат қарор дорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият давоми 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.

АКС: Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 12, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд