Дар Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ бо 3429 ҷойи кор ба истифода дода шуд

Август 6, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ бо 3429 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 29 617 миллион сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 24 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.

Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи саноат барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидори нав, истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойи нави кор тадбирҳо андешида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 1,7 маротиба афзудани саноати истихроҷ, 5 фоиз саноати коркард, 13,2 фоиз соҳаи таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 15,9 фоиз соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа таъмин гардидааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли равон ҳаҷми умумии гардиши савдо 33 миллиарду 313 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  9 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 8,1 фоизро савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва мототсиклҳо ташкил намудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд