Дар Тоҷикистон содиршавии ҷиноят нисбат ба кӯдакон 30 фоиз зиёд шудааст

Август 4, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршавии ҷиноят аз ҷониби кӯдакон 18 фисад кам гардида, мутаассифона, содиришавии ҷиноят аз ҷониби шахсони дигар нисбат ба кӯдакон 30 фоиз зиёд шудааст, ки ин боиси нигаронӣ аст. Дар ин хусус имрӯз сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайлӣ Қодирӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Тавре Суҳайлӣ Қодирӣ иброз дошт, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак 4 муроҷиати хаттӣ ва 2 муроҷиати шифоҳӣ, ки ба масъалаҳои зӯроварӣ дар доираи оила вобастаанд, сабт гардиданд. «Дар айни замон вазъи ҳифзи кӯдакон рӯ ба беҳбудӣ овардааст, аммо мутаассифона, содиршавии ҷиноятҳо нисбат ба кӯдакон аз ҷониби шахсони дигар бештар гардидааст. Дар робита ба ин ҳолатҳо бояд гуфт, ки марҳила ба марҳила қонунгузории мамлакат пурзӯр карда мешавад. Ҷавобгарӣ нисбат ба риоя нагардидани ҳуқуқҳои кӯдакон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қонунгузории минтақа пурзӯртар аст ва қонун сол то сол такмил дода мешавад, то мо тавонем кӯдаконро ҳифз намоем»,-гуфт ӯ.

Иброз гардид, ки дар мамлакат баъзе оилаҳое ҳастанд, ки дар ҳақиқат ҳузури кӯдакон дар ин гуна оилаҳо хатар эҷод мекунад. Падару модар ё васию парастор ё дигар намояндагони қонунии кӯдак агар муътод ё майзада бошанд, ин ҳолатҳо ошкор карда мешаванд ва ин кӯдакон аз онҳо гирифта мешаванд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми васояту парастории Тоҷикистон ин мақомоти шаҳру ноҳияҳои ҳар ноҳия ба шумор меравад, ки онҳо барои худ рӯйхати ин гуна оилаҳоро ташкил додаанд. Дар мавриди риоя нагардидан ва поймол шудани ҳуқуқҳои кӯдакон онҳо чора мебинанд.

Суҳайлӣ Қодирӣ изҳор дошт, ки тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» моҳи марти соли равон Низомномаи комиссияи тарғиботӣ қабул шуд, ки тибқи он дар ҷумҳурӣ 3 комиссия дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода мешавад. Комиссияи якум дар мактаб, дуюм дар сатҳи мақомоти худфаъолияткунии ҷамъиятӣ, яъне кумитаҳои маҳаллӣ ва комиссияи сеюм дар ҷамоати худидоракунии шаҳраку деҳот. Ин комиссияҳо дар айни замон дар ҳоли таъсис қарор доранд. Дар ҳолати ба фаъолият оғоз намудан масъалаҳои гуфташударо пурра зери назорати худ қарор медиҳанд.

Дар робита ба якчанд ҳодисаи нохуши охир, ки аз ҷониби волидон, падар ё модар нисбат ба кӯдакони ноболиғашон ба амал омада, дар байни ҷомеа садоҳои зиёд ба бор овард, Суҳайлӣ Қодирӣ изҳор намуд, ки ин гуна ҳолатҳо боиси нигаронӣ аст. «Аз ҷониби падару модар куштан ё ба зӯроварӣ гирифтор шудани кӯдакон- ин аллакай тамоман ҳолати дигар аст. Зеро мо пайваста кӯдаконро барои аз ҷониби дигар шахсон мавриди зӯроварӣ гирифтор нашуданашон ҳифз мекунем, аммо аз волидон муҳофизат кардани онҳо тамоман чизи дигар аст. Новобаста ба ин масъулияти падару модар, намояндагони дигари қонунии кӯдак, масъулияти мактаб, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ бояд дар ин самт боз ҳам пурзӯр карда шавад»,-афзуд Суҳайлӣ Қодирӣ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид