Даромади буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 105,1 фоиз иҷро гардидааст
ДУШАНБЕ, 09.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон нақшаи қисми даромади буҷети вилоят бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 139,6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 6,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 760 ҳазору 652 амалиёти ҳисоббаробаркунии ғайринақдии пардохти молу хизматрасонӣ ба маблағи 550 миллиону 17 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи шумораи амалиёт 68 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми маблағи гузаронида 6 маротиба афзоиш ёфтааст.
Раиси вилоят изҳор намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид. Мутобиқи маълумот, дар вилоят 9839 субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 9074 соҳибкори инфиродӣ ва 765 нафар шахсони ҳуқуқӣ ба андозбандӣ ҷалб гардидаанд, ки нисбат ба соли пеш 1057 субъекти хоҷагидор зиёд шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 283,3 миллион доллар амалӣ шуда, маблағи умумии азхудшуда 217,1 миллион доллар ё 76,6 фоизи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






