Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имрӯз дар Рашт ҷамъбаст мегардад

Август 21, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар ноҳияи Рашт бо ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо.

Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиёни озмун суҳбат намуда, ҳакамонро даъват намуд, ки ба донишу малакаи довталабони озмун ба таври шаффофу одилона баҳо гузоранд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бисёр имтиёзҳо фароҳам оварда, довталабони соҳибистеъдод ва забондонро барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.

Озмун то 21 август идома ёфта, дар он довталабон аз ноҳияҳои Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод иштирок доранд.

Ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханварию сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва васеъ намудани доираи забондонӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 21, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд