Дипломатҳои ҷавони Тоҷикистон дониши худро оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ такмил доданд

Август 8, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миссияи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз 2 июл то 6 август барои дипломатҳои ҷавон даври омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маърузаҳоро роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, мушовири ҳуқуқии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хонданд.

Зимни даври омӯзишӣ кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ дониши худро оид ба асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ такмил дода, ба таҳқиқи мавзуъҳои асосии конвенсияҳои Женеваи соли 1949 оид ба муҳофизати қурбониёни низоъҳои мусаллаҳ ва протоколҳои иловагии соли 1977 машғул шуданд.

Иштирокчиён бо шартномаҳои байналмилалии нави соҳа ва Ташаббуси глобалӣ оид ба таҳкими пойбандии сиёсӣ ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ шинос шуданд.

Ҳамчунин ба ҳамгироии муваффақонаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар қонунгузории миллӣ, бахусус дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҳоло Тоҷикистон ба беш аз 20 шартномаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ҳамроҳ аст.

Дар анҷоми даври омӯзишӣ ба иштирокчиёни фаъол гувоҳномаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх супорида шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид