Дурнамои таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, афзоиш ёфтани гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов дар Тошканд баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди кооператсияи саноатӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, таҳкими равобити дӯстона ва боз ҳам тақвият додани ҳамкории фарҳангию илмӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо аз раванди муносибатҳои неки сарони давлатҳо ва амалӣ гардидани созишномаҳо байни ду давлат изҳори хушнудӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






