Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ду агрегати аввалини неругоҳи «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст, ки маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун баён доштанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, соли 2026 иваз намудани чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашум ба чархҳои кории доимӣ дар назар аст ва бо амалӣ гардидани ин иқдом ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ боз ҳам афзоиш меёбад.
Вазъи корҳои сохтмонӣ, таъмин намудани суръату сифати корҳои сохтмони неругоҳ, инчунин дар сатҳи баланд ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ тезонидани бунёди сарбанд ва дар муҳлати муқарраргардида ба истифода додани иқтидори навбатии неругоҳ зарур шуморида шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 28 сентябри соли 2024 чунин иброз дошта буданд: «Бунёдгарони муҳтарами неругоҳи «Роғун»! Заҳмати шабонарӯзию ватандӯстонаи шумо дар саҳифаҳои таърихи навини мамлакат бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Зеро неругоҳи «Роғун» қадами бузург дар ҷодаи расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувору босуръати давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва муҳимтар аз ҳама, бамаротиб беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон ба ҳисоб меравад».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






