Густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид

Август 20, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймурод Қочмуродов вохӯрӣ доир намуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши робитаҳои байнипарлумонии ду давлатро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов батадриҷ вусъат меёбад.

Ҳамкории байнипарламентӣ бо Туркманистон имкон медиҳад, ки бо ҳам табодули таҷриба намуда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавқею назари муайян дошта бошем ва ташаббусҳои созандаи ҳамдигарро дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намоем.

Таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон минбаъд низ барои рушди муносибатҳо дар платформаи механизмҳои ҳамкорӣ, бахусус ҳамкории байнипарламентӣ дар чаҳорчӯби фаъолияти Иттиҳоди байнипарламентӣ ва гурӯҳи дӯстӣ ҷаҳду талоши созанда менамояд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд