Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид

Август 12, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Субҳон Усмонов китоби «Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон» ба нашр расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд,  муаллифи китоб иқтидори сайёҳӣ ва имконияти рекреатсионии ҷумҳуриро бо назари илмӣ ва амалии васеъ баррасӣ намудааст.

Муаллиф, ки факултети педагогика ва географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намуда, бо таҷрибаи зиёд ба омӯзгорӣ ва фаъолияти илмӣ машғул аст, бо истифода аз манбаъҳои гуногун ва таҳқиқоти саҳроӣ таърихи ташаккул ва рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар солҳои истиқлолро ба таври муфассал таҳлил намудааст.

Китоб бахшҳои гуногуни туризм, аз ҷумла туризми экологӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, кӯҳӣ ва рекреатсиониро бо тавсифи ҷойҳои таърихӣ, мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллию табиӣ ва ёдгориҳои фарҳангӣ фаро гирифтааст. Дар китоб инчунин луғати соҳавӣ ва адабиёти муфассал пешниҳод шудааст, ки барои фаҳмиши беҳтар ва истифодаи самараноки соҳа дар фазои илмӣ шароит фароҳам меорад.

Яке аз нуқтаҳои муҳим дар китоб омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта мебошад, ки бо роҳнамоии онҳо метавон сиёсати давлатии сайёҳӣ ва рушди инфрасохторро дар Тоҷикистон таҳким бахшид.

Ҳамин тавр, ин китоб ба масъалаҳои муҳими ҳифзи муҳити зист, рушди туризми экологӣ, эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ диққати махсус медиҳад. Ин нуқтаҳо дар самти рушди устувори сайёҳӣ ва нигоҳдории захираҳои табииву фарҳангӣ нақши ҳалкунанда доранд.

Китоби «Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон» аз ҷиҳати илмию амалӣ яке аз дастурамалҳои муҳим барои донишҷӯён, муҳаққиқон, ширкатҳои сайёҳӣ, мутахассисон ва мақомоти танзимкунандаи соҳа мебошад. Онҳо метавонанд бо истифода аз ин таҳқиқот рушди самараноки сайёҳиро дар ҷумҳурӣ таъмин намоянд.

Китоби Субҳон Усмонов на танҳо ҳамчун манбаи илмӣ, балки чун тавсифгари сиёсати давлатии сайёҳӣ ва таҷрибаи муваффақи мамлакатҳои пешрафта дар ин соҳа хизмат намуда, барои ҳар касе, ки ба рушди соҳаи туризм таваҷҷуҳ дорад, аҳамияти махсус дорад.

Бояд гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ шинохта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иқтидори беназир ва захираҳои табии нотакрор, таърих ва фарҳанги ғанӣ шуҳратёр аст, ба рушди сайёҳӣ на танҳо ҳамчун манбаи асосии даромад, балки чун василаи муҳими ташаккули неруи инсонӣ, нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо доир ба ин самт таҳлилу баррасиҳо намудаанд. Солҳои 2019 – 2021 низ ба рушди ин соҳа бахшида шуда буданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Август 12, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид